Қарори ҳокими вилояти Самарқанд


Дар бораи даъвати сессияи понздаҳӯми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашӯм

Бар асоси моддаи 17 — уми қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон » Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Сессияи понздаҳӯми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд соати 10:00 — и 21 — уми октябри соли 2020 даъват карда шавад.
  2. Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

ахбори раиси комиссияи вилоятии интихобот С. Нуриев дар бораи натиҷаҳои интихоботе, ки 4 — уми октябри соли 2020 ба ҷойҳои холишудаи депутатӣ дар Шӯроҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо гузаронда шуданд;

ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят — сардори садорати дастгирии маҳалла ва оила А. Умаров дар бораи бар асоси рӯихати оилаҳои эҳтиёҷманд расондани ёрии манзилнок ба онҳо;

дар бораи чораҳои аз тарафи идораҳои бонк ва андоз, ташкилот ва идораҳои мутасаддӣ дар чойҳо гузарондани вохӯриҳо бо тадбиркорон, муҳокима кардани муаммоҳои мавҷудбуда, зиёд кардани самаранокии корҳои » миҷозбай» иҷрошаванда ва дар фаъолияти ҳаррӯзаи идораҳои андоз ҷорӣ кардани сохтори » корманди андоз — ёрирасони соҳибкор»

ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят Х. Очилов роҷеъ ба таъмини иҷрои қарори Сенати Олий Маҷлис аз 28-уми феврали соли 2020 “Дар бораи натиҷаҳои дархости парламентӣ роҷеъ ба масъалаҳои пурдолзарби аз ҷиҳати иҷтимоӣ ба ҷамъият мутобиқ шудани ҷавонони бе парастории волидон монда, дар хонаҳои “Меҳрубонӣ” тарбия гирифта” таҳти рақами ҚС-48-IV;
ҳисоботи директори Ҷамъияти саҳҳомии “Корхонаи минтақавии шабакаҳои электри Самарқанд” У.Ҷӯраев дар бораи корҳое, ки барои дар мавсими тирамоҳу зимистон бо қувваи электр бе фосила таъмин кардани аҳолӣ иҷро карда мешавад;
ҳисоботи ҳокими ноҳияи Оқдарё Н.Сулаймонов роҷеъ ба иҷрои барномаи инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия дар соли равон;
ҳисоботи сардори Сарсадорати молияи вилоят Б.Мирзоев дар бораи ташаккули манбаъҳои иловагии даромадҳои буҷети маҳаллӣ ва зиёд кардани даромадҳои буҷетӣ маҳаллӣ;

масъалаҳои дигар.

Ҳокими вилоят Э.Турдимов 16-уми октябри соли 2020

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ