Оё аз санаи 25 октябр маҳдудиятҳои карантин ҷорӣ мегардад?


Дар саҳифаҳои телеграмм ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари аз 25 -уми октябр ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои карантин паҳн шуда буд. Инчунин, хабари дар рӯзҳои дамгирӣ (шанбе, якшанбе) манъ кардани ҳаракати нақлиётҳо баромада буд.
Бояд таъкид кард, ки хабари аз санаи 25 -уми октябр ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои карантин ва манъи ҳаракати нақлиётҳо рӯзҳои дамгирӣ, бардурӯғ гуфта маълум карда мешавад.
Ҳамчун маълумот овардан ҷоиз аст, ки барои дар байни аҳолӣ паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ ва воҳимаангез аз ҷониби ҳукумат ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ