Сарқонуни Қирғизистонро барои раисҷумҳури муваққатӣ ислоҳ мекунанд


Садир Ҷапаров, сарвари муваққати Қирғизистон мехоҳад дар интихоботи раисҷумҳурии кишвараш иштирок кунад. Барои ин мехоҳанд сарқонуни Қирғизистонро ислоҳ кунанд.
Худи Ҷапаров дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии “Русия 24” дар бораи ин мақсадаш ҳарф зад.
Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир сарқонуни Қирғизистон ба иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур иштирок дар интихоботи раисҷумҳуриро манъ мекунад.
Ба гуфтаи Ҷапаров, ҳоло порлумони кишвараш барои ислоҳ кардани қонунҳои “Дар бораи интихоботи раисҷумҳурӣ” ва “Дар бораи интихоботи порлумонӣ” омодагӣ мебинанд, то ӯ тавонад номзад ба мақоми раисҷумҳурӣ шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ