Эмомалӣ Раҳмон дар озмуни палавхӯрон доварӣ кард


Дар вилояти Суғди Тоҷикистон озмуни “Ошхӯри беҳтарин” баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин озмун доварӣ кард. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар медиҳад.
Дар озмун 6 нафар иштирок карданд. Баҳодур Шокиров, сокини ноҳияи Айнӣ дар озмун ғолиб шуд. Ӯ дар 5 дақиқа 700 грамм палав хӯрд ва соҳиби ҷоизаи нақдии 3 ҳазор сомонӣ шуд. Дигар иштироккунандагон ҳар кадоме ҳазор сомонӣ гирифтанд.
Озмуни “Ошхӯри беҳтарин” дар чорчӯби Ҷашни Меҳргон гардид ва ошпазони суғдӣ тақрибан 2 тонна палав пухтанд. Аз палави онҳо хонаҳои ногироён ва пиронсолон низ баҳраманд гардиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ