“Оё навбати бизнеси дастпӯшҳои тиббӣ омад, ҷанобон?!”


Аз рӯзи 16 октябр дар шаҳри Тошканд истифода аз дастпӯшҳои тиббӣ дар нақлиётҳои ҷамоатӣ маҷбурӣ шуд. Ин талаби тоза табъи аҳолиро хира кард. Зеро, нархи дастпӯши тиббӣ қиматтар аз роҳкиро мебошад.
Олимҷон Ӯсаров, намояндаи собиқ ва хабарнигор ба қоидаи нави вазорати ҳамлу нақл муносибати худро изҳор кард. Ӯсаров ин қоидаро шаллоқи обдор ба рӯи аҳолӣ хонд, ки бе он ҳам ба далели пандемия ва карантин аз ҷиҳати иқтисодӣ душворӣ мекашанд.
Ӯсаров гуфт, “Ноилоҷӣ, эҳтиёт бошед азизон, рейдҳои нав, таъқибу ҷаримаҳо оғоз шуд”.
Ӯ ба комиссияи махсуси ҷумҳурӣ хитоб кард, “Эй, аъзои муҳтарами комиссия” Шумо худ дар нақлиёти ҷамоатӣ намегардед. Ҳатто, намедонед, киҳо аз нақлиёти ҷамоатӣ истифода мебаранд. Онҳо мисли шумо мошини хидматӣ надоранд, имкони “кататса” дар таксиро низ надоранд. Онҳо ниқоби тиббиро, ки бояд 2 соат истифода бурд, шуста-шуста чандин рӯз мепӯшанд…
Қарорҳоеро ба ёд биёред, ки то имрӯз қабул шуд. Аввал гуфтанд, дар хона шин, ба кӯча рафтагонро ҷарима карданд. Баъд, ба кӯча бароед, дар хона нишастан хавфи бештар дорад, гуфтанд.
Аввал дар ҳама ҷой даҳлезҳои дизенфексия насб кардан талаб шуд. Баъди он, ки миллиардҳо сарф гардиду даҳлезҳо насб шуд, гуфтанд, ки ин воситаи бесамар, гум кунед онҳоро.
Оё, акнун навбати бизнеси дастпӯши тиббӣ омад, ҷанобон?!”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ