Дар вазорати таълими халқ 2,8 миллиард сӯм ғорат шудааст


Дар даври сипаришудаи соли равон тақрибан 8 миллиард сӯм маблағи будҷаи давлатиро ғорат кардаанд. Дар ин бора маркази матбуотии додситонии кулл (генпрокуратура) хабар дод.
Дар ин муддат дар 46 ҳолат беш аз 7,7 миллиард сӯм музди кор, нафақа ва дигар чунин пардохтҳо “растрата” шудааст. Дар вазорати таълими халқ – 2,8 миллиард сӯм, вазорати ҳифзи тандурустӣ, 2,6 миллиард сӯм, Бунёди нафақаи берун аз будҷаи вазорати молия 1,5 миллиард сӯм ва дигар муассисаҳову корхонаҳои давлатӣ 448 миллион сӯмро ғорат кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ