Дари Каъба ба рӯи намозгузорон боз шуд

Мақомоти Арарбистони Саудӣ ба шаҳрвандони Арабистони Саудӣ дубора иҷозат доданд, ки дар масҷди Ал- Ҳаром намоз гузоранд.Дар ин бора расонаҳои Арабистони Саудӣ гузориш медиҳад.Масҷиди Ал-Ҳаром — масҷиди калонтарин дар тамоми ҷаҳон мебошад.Дар ин масҷиди будург, ки Каъба ҷойгир аст, 7 моҳи ахир намоз гузоштан на танҳо ба хориҷиҳо, балки ба шаҳрвандони худи Арабистони Саудӣ низ мамнӯъ буд. Сабаби ин иқдоми мақомот, коронавирус буд. Рӯзи якшанбе Вазорати умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ дар бораи оғози амалисозии давраи дувуми ҳаҷҷи умра эълон кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ