Аҳамият ва қадри забони давлатӣ Санаи 20 –уми октябр дар мактаби мусиқии рақами 26 –уми ноҳияи Самарқанд бахшида ба рӯзи забони ӯзбекӣ тадбир барпо гардид

. Тадбир дар зери садои гимни Ӯзбекистон оғоз гардид. Аввал ҳокими ноҳия Носир Мавлонов тадбирро кушода, ҳозиронро бо рӯзи иди забони давлатӣ табрик гуфт. Сипас, дар иҷрои хонандагони мактаб дар васфи забони ӯзбекӣ шеърҳо қироат карда шуд.
Дар тадбир, сардори шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд Баҳриддин Мардонов, сармуҳаррири рӯзномаи “Гулобод тонги” Н. Каримзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов, раиси маркази тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов ва як гурӯҳ омӯзгорони мактабҳои таълимии ноҳия иштирок карданд. Дар рафти тадбир аз рӯи озмуни “Қадринг баланд бӯлсин она тилим” як гурӯҳ хонандагон ва муаллимон бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд. Дар номинатсияи видеодарси беҳтарин ҷойи аввал ба муаллима Боқиева Моҳичеҳра, ҷойи дуввум Ҳоҷиқурбонова Лобар ба ҷойи саввум Муҳайё Нуриддинова сазовор гардиданд. Дар номинатсияи эссе(иншо)-и беҳтарин ҷойи аввал ба хонандаи мактаби 24 Дурдона Ҳалимова, ба ҷойи дуввум хонандаи мактаби 21 Санобар Маннонова, ба ҷойи саввум хонандаи мактаби 51 Парвина Абдуманнонова, дар номинатсияи назм ва наср ҷойи аввал ба хонандаи мактаби 40 – Маликабону Рашидий, ҷойи дувум ба хонандаи мактаби 44 – Самира Рустамова, ҷойи саввум ба хонандаи мактаби 16 – Гулҷаҳон Ахтамова насиб кард.
Тадбир бо суруди мадҳи “Ӯзбекистон” хотима ёфт.

Н. Бобоаҳмедов

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ