Лукашенко се нафар ректорро барои иштирок дар намоишҳо аз вазифа барканор кард


Ректорони донишгоҳи забоншиносии Минск, донишгоҳи давлатии маданият ва санъати Белорус ва донишгоҳи давлатии техники Брест барканор шуданд. Онҳо чанде пеш дар намоишҳои эътирозгарон иштирок карда буданд. Дар ин бора Кун.уз ба нақл аз канали телеграмии «Пул первого» хабар додааст.
Раисҷумҳури Белорус ба ин донишгоҳҳо ректорони нав таъин кардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Белорус аз 9 август то ба имрӯз намоишҳои эътирозгарон идома дорад. Онҳо аз натиҷаҳои интихоботи раисҷумҳурӣ норозианд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ