Самарқанд — гавҳари Шарқ

16-уми октябр дар хонаи меҳрубонии рақами 1-и шаҳри Самарқанд чорабинии идона дар мавзӯи «Самарқанд — гавҳари Шарқ» баргузор гардид.
Дар ин чтадбир, ки бо ташаббуси “Олами китоби Самарқанд” дар ҳамкорӣ бо Маркази маънавият ва маърифати шаҳри Самарқнад ва шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ташкил гардид, беш аз 100 нафар тарбиягирандагони Хонаи меҳрубонӣ иштирок карданд.
Сардори шӯъбаи маънавият ва маърифати шаҳри Самарқанд Хуршед Нуруллоев дар мавзӯи рӯз суханронӣ намуда, дар бораи таърихи Рӯзи шаҳри Самарқанд, гузаштаи сеҳазорсолаи шаҳр ва корҳои созандагие, ки имрӯзҳо дар шаҳр анҷом дода мешаванд, сухан кард. Раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов тарбиягирандагонро бо ҷашн табрик гуфт ва барои бачагоне, ки дар ҷавоб додан ба саволҳо оиди таърихи Самарқанд фаъол буданд ва дар қисми асосии чорабинӣ ширкат варзиданд, китобҳо тӯҳфа кард.
Сармутахассиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Зуҳрабегим Эшонқулова, сармуҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги» Нормурод Каримов дар васфи Самарқанд шеърҳо карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ