Асосгузори Alibaba сарватмандтарин шахси Чин эътироф шуд


Ҷек Ма, асосгузори Alibaba – хидматрасонии онлайни тиҷоратӣ дар феҳристи сарватмандони Чин ҷойи аввалро гирифт. Дар ин бора «Hurun” хабар додааст.
Таҳиякунандагони феҳрист сарвати миллиардери 56-соларо 58,8 миллиард доллар арзёбӣ карданд.
Ма Ҳуатэн, раиси шӯрои мудирони ширкати Tencent дувумин марди сарватмандтарини Чин эътироф шуд. Арзиши сарвати ӯ 57,4 миллиард доллар аст.
Чжан Шаншан, соҳиби ширкати Nongfu, ки нӯшокӣ истеҳсол мекунад, ба арзиши 53,7 миллиард доллар сарват дорад. Ӯ яке аз се миллиардери пешсафи Чин мебошад.
Дар ҳоли ҳозир шумори миллиардерон дар Чин 878 нафар буда, 257 тан аз онҳо ҳамин сол ба феҳристи миллиардерон дохил шуданд.
Тақрибан нисфи миллиардерони чинӣ дар шаш шаҳр – Пекин, Шенчжен, Шанхай, Ханчжоу, Гуанчжоу ва Сучжоу зиндагӣ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ