Мутахассисони ҳолландӣ дар организми одам узви навро пайдо карданд


Олимони пажӯҳишгоҳи саратони Ҳолланд дар организми одам узви навро кафш карданд, ки соҳаи илм то ҳол аз вуҷуд доштани он хабар надошт. Ин чорумин ҷуфти ғадудҳои оби даҳон аст, ки дар назофаринкс – қисми болои ҳалқум ҷойги мебошад. Дар ин бора Radiotherapy and Oncology хабар дод.
Ин кашфиёти тасодуфӣ буд. Мутахассисон ПЭТ-КТ-ташхиси як бемори саратони простатаро анҷом медоданд. Онҳо ба организми бемор глюкозаи дорои изотопи радиоактивӣ фиристоданд. Варами саратон ин моддаро фурӯ мебарад ва барои акс гирифтан намоён мегардад. Маълум шуд, ки глюкозаро дигар узвҳо, аз ҷумла, ғадудҳои оби даҳон низ фурӯ мебурдаанд.
То имрӯз се ҷуфти калони ғадудҳои оби даҳон – наздигӯшӣ, зеризабонӣ ва зерифукӣ ба илм маълум буданд. Олимон ба ин ҷуфти ғадуд tubarial ном ниҳоданд. Ин ҷуфти ғадуд назофаринкс ва гулӯро бо оби даҳон тар ва ҳимоя мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ