Қадрат баланд бошад, забони модариям!

Дирӯз дар Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 12–уми ноҳияи Самарқанд бахшида ба Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ тадбир барпо гардид. Тадбир зери садои суруди миллии Ӯзбекистон оғоз шуд. Ҳокими ноҳия Носир Мавлонов тадбирро кушода, ҳозиронро бо рӯзи иди забони давлатӣ табрик гуфт. Сипас, хонандагони мактаб дар васфи забон шеърҳо қироат карданд.
Дар тадбир, сардори шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд Баҳриддин Мардонов, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” Н. Каримзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов ва як гурӯҳ омӯзгорони мактабҳои таълимии ноҳия иштирок карданд. Дар рафти тадбир аз рӯи озмуни “Қадрат баланд бошад, забони модариям!” (“Қадринг баланд бӯлсин она тилим!”) як гурӯҳ хонандагон ва муаллимон бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.
Дар номинатсияи видеодарси беҳтарин ҷойи аввал ба муаллима Боқиева Моҳичеҳра, ҷойи дуввум ба Ҳоҷиқурбонова Лобар ҷойи саввум ба Муҳайё Нуриддинова насиб кард. Дар номинатсияи эссе(иншо)-и беҳтарин ҷойи аввал ба хонандаи мактаби 24 — Дурдона Ҳалимова, ҷойи дуввум ба хонандаи мактаби 21 — Санобар Маннонова, ҷойи саввум ба хонандаи мактаби 51 — Парвина Абдуманнонова, дар номинатсияи назм ва наср ҷойи аввал ба хонандаи мактаби 40 – Маликабону Рашидӣ, ҷойи дувум ба хонандаи мактаби 44 – Самира Рустамова, ҷойи саввум ба хонандаи мактаби 16 – Гулҷаҳон Ахтамова насиб кард.
Тадбир бо сурудҳо дар васфи Ватан хотима ёфт.

Н.БОБОАҲМЕДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ