Беэътибори ба забон – беэътиборӣ ба халқ аст

Ягона чизе, ки қиёфа ва зебогии зоҳирии инсонро ошкор месозад ин забон аст. Шахсе, ки ба забон меҳру муҳаббат дорад, халқ, Ватан, қадриятҳои миллӣ, мероси маданиро низ эъзоз менамояд. Панҷ аср аз ин пеш Алишер Навоӣ бесабаб нагуфтааст, ки «беэъ­тибори ба забон – беэътибори ба халқ аст».
Забони ӯзбекӣ, дар дунё яке аз забонҳои қадима ва бой ба ҳисоб меравад. Имкониятҳои беқиёси онро аз навиштаҷотҳои қадимаи рӯи санг, мақолу ҳикматҳои халқ, ибораҳои бетакрор, достонҳо, асарҳои нависандагону шоирон баръало дидан мумкин. Китоби «Девони луғоти туркӣ»-и Маҳмуд Қош­ғарӣ, ҳикматҳои Аҳмади Яссавӣ, «Хамса»-и Алишер Навоӣ, «Бобурнома» –и Заҳириддин Муҳаммад Бобур, романҳои бетакрори Абдулло Қодирӣ, Чӯлпон, шеърияти Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Муҳаммад Юсуф аз дурдонаҳои бебаҳои халқамон ба шумор меравад. Ибораҳои меҳру оқибат, шарму ҳаё, андеша, ориятро ба дигар забонҳо айнан тарҷума кардан душвор мебошад, ба забони ӯзбекӣ ифода кардан мумкин аст. Забони ӯзбекӣ ба оилаи забонҳои туркӣ дохил мешавад, ки он дар лаҳҷаи забонҳои қипчоқ, қарлуқ, ӯғиз ва ғайра намоён мегардад. Забони ӯзбекӣ бошад, аз он ибораҳои лаҳҷаҳо шакли ба меъёри маълум овардашуда мебошад. Вай мунтазам ривоҷ меёбад. Дар ривоҷи он хизматҳои ҳазрат Алишер Навоӣ беқиёс аст. Ҳазрат Навоӣ дар бораи забон чунин навишта буд: «Қуфли хазинаи дил аст забон, Калиди хазинаи он аз сухандон».
Забон оинаи маданият ва қаноти руҳи инсон ҳисоб меёбад. Мо ба воситаи забони модарӣ дар байни халқҳо, миллатҳо ва қавмҳо доимо азизу мукаррам буданамонро фаромӯш нахоҳем кард ва аз фарзанди чунин халқ будан фахр мекунем. Лутфи эъҷози шаркона, қадриятҳои миллӣ, муомила ва одобу ахлоқ калиди маданияти забони модариамон мебошад. Вай ба мисли субҳ оромбахш, чун нурҳои офтоб гарм, ҳамчун оғӯши модар, таровати баҳор ва тобис­тон пурҳарорат, мисли тирамоҳ босаховат аст. Инчунин, ифодагари руҳи миллиамон маънавияти баланди мо, ба сӯи маданияту маърифат ва истиқлолу истиқбол барин неъмати бебаҳо мебарад. Аз ҳамин сабаб ҳар яки мо бояд забони модариамонро эҳтиёт намуда, эъзозу эҳтиром карданамон лозим аст. Албатта ба забонамон боэътибор бошем, забони модарӣ ва дили миллатамон ҳеҷ гоҳ завол намеёбад.
Бобову бобокалонҳои донишманди мо аз азал ба маданияти нутқ эътибори калон додаанд. Асарҳои онҳоро мутолиа мекунему гувоҳи ҷобаҷогузории сухан дар эҷодиёти онҳо мегардем. Ҳисси суханро доимо дарк карда зиндагӣ карданамон лозим мебояд. Ҳамин тавр, нигоҳ доштани забони модариамон, эъзози он ба зиммаи ҳар яки мо масъулияти калонро мегузорад.

Дилфуза МУҲАММАДИЕВА,
гид-экскурсаводи ансамбли Регистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ