Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шакли видеоконфернсия баргузор гардид

20 октябр ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шакли видеоконфернсия баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовинони вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмид иштирок намуданд.
Ҷонибҳо атрофи мавзӯъҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо роҷеъ ба ҳамагирии COVID-19, бартараф намудани пайомадҳои он, мубориза бо чолишҳои амниятӣ дар минтақа ва таъмини талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои имрӯза табодули афкор намуданд. Ҳайатҳо пиромуни оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист низ ибрози андеша карданд.
Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо нақши ин ниҳодро ҷиҳати пешгирӣ аз пайомадҳои манфии COVID-19 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак муҳим хонд.
Дар интиҳо доир ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ