Сарвазирони Ӯзбекистон ва Русия сӯҳбати телефониро анҷом доданд Абдулло Арипов ва Михаил

Мишустин, сарвазири Ӯзбекистон ва Русия рӯзи 20 октябр сӯҳбати телефониро анҷом доданд.
Дар мулоқот ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Ҳамчунин, сарвазирон дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ барои мубориза бо коронавирус табодули афкор карданд.
Илова бар ин, тарафҳо ҷараёни омодагӣ ба маҷлиси комиссияи муштараки сатҳи роҳбарони ҳукуматро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, нахустин маҷлиси ин комиссия моҳи майи соли 2019 дар Хоразм баргузор шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ