Сарвазири Италия барои мубориза бо коронавирус аз репер ва ҳамсари ӯ ёрӣ пурсид


Ҷузеппе Конте, сарвазири Италия барои мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар аз Федез, сарояндаи реп ва ҳамсари ӯ Кяра Феррани, ки блогер аст, ёрӣ пурсид. Дар ин бора шабакаи телевизионии РЕН ТВ хабар дод.
Федез ва ҳамсари ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар умум 33 миллион муштарӣ доранд.
Конте аз онҳо дархост кардааст, ки барои одат кунондани ҷавонон ба ниқоби тиббӣ ёрӣ диҳанд.
Баъди мулоқот Федез барои ҷавонон як видео ба навор гирифт, ки дар он ниқобпӯшӣ тарғиб карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар саросари Италия соати комендантӣ ҷорӣ шуд.
То ҳол шумори мубталоёни коронавирус дар Италия бештар аз 424 ҳазор нафар шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ