Интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзи 20 декабр такроран барпо мешавад


Кумитаи марказии интихоботи Қирғизистон дар бораи баргузории интихоботи такрории порлумонӣ қарор қабул кард. Интихоботи такрорӣ рӯзи 20 декабр барпо мегардад. Дар ин бора ТАСС хабар дод.
Аз имрӯз, 21 октябр омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ дар Қирғизистон оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки баъди интихоботи порлумонии Қирғизистон дар рӯзи 5 октябри соли ҷорӣ намоиши густурдаи эътирозгарон оғоз гардид. Дар натиҷаи задухӯрдҳо беш аз 1,2 ҳазор нафар захмӣ ва 1 нафар қурбон шуд. Кумитаи марказии интихобот маҷбур шуд, ки натиҷаҳои интихоботро бекор кунад. Аммо, муаммо бо ин ҳалли худро наёфт ва раисҷумҳуру сарвазири Қирғизистон истеъфо доданд. Содир Ҷапаров муваққатан раисҷумҳури кишвар шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ