Илон Маск мехоҳад дар Миррих шаҳри мустақил бунёд кунад


Илон Маск, тадбиркори миллиардери ИМА, роҳбари ширкати SpaceX барномаи худро оиди сайёраи Миррих маълум кард. Ӯ мехоҳад дар ин сайёра шаҳре бунёд кунад, ки аз Замин мустақил бошад ва комилан таъминкунандаи худ бошад. Дар ин бора «Korrespondent.net» хабар дод.
Ба гуфтаи Маск, ҳоло дар ин самт чандин лоиҳа таҳия мешавад.
Маск чунин мешуморад, ки шаҳри мустақил дар Миррих бояд пештар аз рух додани фалокате дар Замин бунёд гардад. Ӯ савумин ҷанги ҷаҳонӣ, бархӯрди астероид ба Замин ва таркиши бесобиқаи вулқонро фалокати Замин ҳисоб мекунад.
Маск гуфт, “Тараққиёти башиддат дида намешавад, он ҳоло “ба зӯр ба по истодааст”. Аз назари роҳбари SpaceX эҳтимоли бунёди шаҳри мустақил дар Миррих дар даврони зиндагии ӯ хеле кам аст.
Ӯ афзуд, ки киштии кайҳонии Starship баъди чор сол метавонад ба Миррих бе кайҳоннавард парвоз кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ