Эшқобил ШУКУР: барои идроки қалби халқ забонашро бояд дарк намуд

Барои ҳис кардани ҳазорсолаҳои миллат забони онро ҳис кардан даркор, барои идроки қалби халқ забонашро бояд дарк намуд.
Ҳар гуна одам Ватани худро тавассути забони модарӣ мешиносад, ҳам худашро, ҳам дунёро бо ҳамин воситаи бузург фаро мегирад. Кӯдакеро тасаввур созед, ки нахустин сухан аз модар омӯхтааст. Вай бо ҳамин сухан рӯ ҷониби забони модарӣ аввалин қадами худ мегузорад. Забони модарӣ бошад, аз дасти ӯ дошта, оҳиста ҷониби олами васеъ мебарад. Кӯдаки навзабон ва одами калони забони дигар омӯхтаистодаро муқоиса карда, ба ҳолати аҷиб меафтед. Шахсе, ки забон меомӯзад, қонуну қоидаҳои ҳамон забонро дар давоми солҳо ҳиҷҷакунон меомӯзад. Барои фаҳмидан ва бо он забон сухан рондан сахт меҳнат мекунад. Ақл ва хотираашро ба кор меандозад. Кӯдаки навзабон бошад, бе ҳеҷ душворӣ забони модарии худро ба дараҷае, ки тасаввур кардан душвор, бо тезӣ азхуд мекунад. На грамматика, на стилистика, на қоидаҳои дигари онро касе ёд намедиҳад. Вай ҳамаашро ботинан ва мустақилона идрок месозад. Сабаб он ки забони модарӣ дар хун, дар рӯҳ, дар ҷони ӯ зиндагӣ дорад. Забони модарӣ барои ҳамин ҳам азизу муқаддас.
Аз ин мебарояд, эҳсоси забони модарӣ мисли эҳсоси Ватан дар рӯҳи одамӣ офарида мешавад. Ҷаҳонбинӣ, эҳсосот, тафаккур, муносибат ба одаму олам дар ҳар шахс, бешубҳа, ба ҳолати забони модарӣ вобаста аст.
Халқе, ки забонаш эътироф шудааст, эътирофшуда ҳисоб меёбад. Нахустин шаҳодатномаи маънавии миллат низ забони он мебошад. Забонеро, ки қалб ва тафаккурамонро парвариш сохтааст, бояд дӯст дорем ва ҳис намоем, ки он воқеан модари мост.

Эшқобил ШУКУР,
Ходими хидмат-нишондодаи маданияти Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ