“Динамо” дар бозии муҳим “Истиқлол”-ро шикаст дод – 2:1


Чанд дақиқа пеш ҷамоаи “Динамо”-и шаҳрамон дар Фарғона ғалабаи муҳимро ба даст овард. Шогирдони Сергей Лушчан дар бозии навбатии Про-лига бо душворӣ “Истиқлол”-ро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб кард.
Аввал Ойбек Нурматов дар дақиқаи 20-ум голи якуми “Динамо”-ро вориди дарвозаи мезбонон кард. Аммо Санҷар Баротов дар дақиқаи 42-вум ҳисобро баробар кард – 1:1. Гӯё бозӣ бо ҳамин натиҷаи мусовӣ ба поён мерасид. Аммо… Муҳаммадқодир Ҳамралиев дар дақиқаҳои иловагӣ голи дувуми “Динамо”-ро зад ва ғалабаи муҳимро овард.
Ҳоло “Динамо” бо 20 хол дар паллаи чоруми ҷадвали Про-лига қарор дорад. Бо ин ғалаба футболбозони самарқандӣ фарқи холҳоро бо “Истиқлол” ба чорто расонданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ