Пахтапарварони Намангон нақшаи солонаи шартномавиро барзиёд иҷро намуданд

Пахтапарварони вилояти Намангон хирмани бузурги 201 ҳазору 849 тоннагиро бунёд карда, нақшаи солонаи шартномавиро барзиёд иҷро намуданд.
Соли равон аз ҷониби хоҷагиҳои фермерӣ ба 63 ҳазору 406 гектар замин тухми пахта кошта, парвариш карда шуд. Чорабиниҳои агротехникӣ сари вақт ва босифат гузаронида шуданд, туфайли меҳнати самарабахши деҳқонон аз ҳар гектар майдон ба ҳисоби миёна 31,7 сентнерӣ ҳосил ҷамъ оварда шуд.
Ба 28 ҳазору 394 гектари 63 ҳазору 406 гектар замин навъи пахтаи «Андиҷон-35», ба 10 ҳазору 986 гектар навъи «С-6524», ба 10 ҳазору 770 гектар навъи «Султон», ба 4 ҳазору 737 гектар навъи «Намангон-34» ва 8 ҳазору 519 гектар майдон навъҳои наву истиқболнок кошта шуданд.
Ба мақсади дар вилоят дастҷамъона гузаронидани мавсими ҷамъоварӣ 1 ҳазору 381 отряд ташкил карда шуд, беш аз 184 ҳазор чинакчиён ҷалб гардиданд. Ба онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда, чинакчиёни пешқадам мунтазам рағбатнок карда шуданд.
Хоҷагии фермерии «Турғунбой Ҷурабой Мунаввар»-и ноҳияи Чортоқ аз ҳар гектар 52,8 сентнерӣ, хоҷагии фермерии «Ғафурҷон ота ОЭФ»-и ноҳияи Намангон 55,2, хоҷагии фермерии «Комилов Турсунбой»-и ноҳияи Тӯрақурғон 50,8, корхонаи хусусии «Марғизор замини»-и ноҳияи Поп 49,7, хоҷагии фермерии «Қобулҷон Муштарий»-и ноҳияи Норин 46 сентнерӣ ҳосил бардоштанд.
Дар деҳқонӣ техника низ нақши бузург дорад. Корхонаҳои кластерӣ мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникиро ҳамчун масъалаи асосӣ пазируфтанд. Туфайли ба низоми кластерӣ гузаштан, хоҷагиҳои фермериро бо техника, нуриҳои менералӣ ва маводи сӯзишвориву молиданӣ таъмин намудан ҳосилнокӣ дар бисёр хоҷагиҳои фермерӣ сол аз сол меафзояд.
Агар дар мавсими соли гузашта барои ҷамъоварии ҳосил 13 адад мошини пахтачинӣ иштирок карда бошад, соли ҷорӣ аз ҷониби 7 корхонаи кластерӣ 32 мошини нави пахтачинӣ харид шуданд. Бояд қайд кард, ки 19 адад мошини пахтачинӣ бевосита ба филиали кластери «Art Soft Holding»-и ноҳияи Мингбулоқ тааллуқ дошта, пахтаи чидашуда дар ҷойҳои пахтатайёркунии кластери мазкур нигоҳ дошта мешаванд. Дар натиҷаи ин хирмани нуқтаҳои пахтақабулкунии Гулбоғ, Дамкӯл, Гигант ва Навоии ноҳия хеле баланд гардиданд. Хоҷагиҳои фермирие, ки бо ин кластер ҳамкорӣ кардаанд, 36 ҳазору 611 тонна пахта ҷамъ оварданд.
Барои бомуваффақият адо кардани шартнома пахтакорони ноҳияҳои Чортоқ, Мингбулоқ, Намангон, Тӯрақурғон, Норин ва Поп намунаи ибрат шуданд. Ҳашарчиёни ихтиёрӣ, ки аз шаҳри Намангон омада буданд, ба ин хирмани бузург саҳми муносиб гузоштанд.

Оқилхон ДАДАБОЕВ,
хабарнигори ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ