Шишаи пластикии кӯдакон зарарнок аст?


Олимони Тринити-Коллеҷи Ирландия муайян карданд, ки шишаи пластикии кӯдакон аз худ миллионҳо зарраи зарарнок ҷудо мекунад. Дар ин бора мақолае дар маҷаллаи Nature Food чоп шуд.
Натиҷаи тадқиқоти онҳо нишон дод, ки ҳангоми такон додани шиша барои омехта кардани оби ҷӯш ва шири хушк аз шиша миллионҳо зарраи пластикӣ ҷудо мешаванд. Ҳаҷми микропластикҳо дар ҳар як литр тақибан 4 миллион зарра аст.
Мутахассисон шишаҳои нави полипропилениро шустанд ва тамиз (стерилизация) карданд. Баъд онро бо обҷӯш, ки ҳарорати +70 дараҷаӣ дошт, пур карданд (Аз рӯи пешниҳоди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шири хишк бояд бо обҷӯше, ки +70 дараҷа гармӣ дорад, омехта гардад). Сипас онро бо асбоби механикӣ такон доданд, то омехта гардад.
Маълум шуд, ки дар ин ҷараён ба як литр об аз 1 то 16 миллион, ба сурати миёна 4 миллион зарраи пластикӣ ҳамроҳ мешавад. Омехта кардани шири хушк ва обҷӯш бо усули дастӣ низ чунин натиҷа дод. Пажӯҳишҳои баъдӣ нишон доданд, ки миқдори зарраҳои пластикӣ ба гармии обҷӯш вобастаанд. Яъне, ҳар қадар, ки обҷӯш гармтар аст, ҳамон қадар бештар зарраҳои пластикӣ аз шиша ҷудо ва ба об ҳамроҳ мешаванд. Ҳамчунин, бо суръат ва сахт такон додани шиша низ боиси бештар ҷудо шудани зарраҳои пластикӣ мегардад.
Ба гуфтаи мутахассисон, ҳанӯз дар бораи зарари дақиқи зарраҳои пластикӣ хулоса кардан шитобкорӣ аст. Аммо ҳангоми омода кардани хӯроки кӯдакон бояд шишаи пластикиро тамиз кард.. Онҳое, ки мехоҳанд ба организми фарзандонашон камтар зарраҳои пластикӣ ворид шавад, бояд шири хушку обҷӯшро дар шишаи муқаррарӣ омехта кунанд, на дар шишаи пластикӣ. Баъди муддати кӯтоҳ, ки гармии об кам мешавад, онро ба шишаи пластикӣ холӣ кардан мумкин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ