Тақрибан нисфи миллиардерони ИМА тарафдори Ҷозеф Байден ҳастанд


Маҷаллаи Forbes моҳи гузашта дар миёни миллиардерон як назарпурсиро анҷом дод. Дар назарпурсӣ 42 нафар миллиардер иштирок карданд. 48 дарсади миллиардерон овоз додани худро ба Ҷозфе Байден ва 40 дарсад ба Доналд Трамп изҳор кардаанд.
Чанде пеш пажӯҳишгоҳи Гэллап чунин назарпурсиро дар миёни аҳолии ИМА баргузор кард. 28 дарсади назаргӯён худро тарафдори ҷумҳурихоҳон ва 27 дарсад демократҳо гуфтаанд. 42 дарсад худро овоздиҳандаи мустақил мешуморанд.
Бояд гуфт, ки аксарияти мардуми ИМА дар бораи овоз додани худ ба Ҷо Байден қарор кардаанд. Бино ба назарпурсии RealClearPolitics, 51 дарсади овоздиҳандагон тарафдори Байден ва 42 дарсад тарафдори Трамп мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ