Иттиҳоди Аврупо оиди пандемия нишасти фавқулодда баргузор меунад


Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо маълум кард, ки рӯзи 29 октябр нишасти фавқулодаи сарони ҳукумат ва давлатҳои Аврупо баргузор мешавад. Дар нишасти онлайн масъалаи пандемияи коронавирус баррасӣ мешавад.
Ин нахустин нишасти Иттиҳоди Аврупо дар мавзӯъи пандемияи коронавирус мебошад.
Бино ба маълумот, дар Аврупо шумори мубталоёни коронавирус беш аз 7,5 миллион нафар аст.
Дар ҳоли ҳозир вазъият дар кишварҳои аврупоӣ рӯз то рӯз бадтар мегардад. Ҳамарӯза афзоиши рекордии шумори мубталоён сабт мешавад. Аз ҷумла, дар Испания шумори беморон беш аз 1 миллион нафар шуд. То ҳол дар ягон кишвари аврупоӣ омори (статистика) мубталоён ба 1 миллион нарасида буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ