МАНБАИ РИЗҚУ РӮЗӢ БОЯД ПОК БОШАД!

Пандемияи вируси тоҷдор ба ҳамаамон сабақи зиёд гардид. Ҳоло риоя ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ, нигоҳ доштани масофа дар вақти суҳбат, эътибори бештар ба тозагиву сариштагии биноҳои истиқоматӣ, ошхона ва ҷойҳои дастурӯйшӯӣ талаби давр мебошад.
Хона барои инсон ҷойест, ки худашро он ҷо озоду бехавотир ҳис мекунад. Ба инсон бояд дар хонааш назари касе наафтад ва ӯ бароҳат умр ба сар барад. Дар акси ҳол оромаш халалдор мегардад. Дар қонунгузории имрӯза низ моддаҳои алоҳида оид ба дахлнопазирии хонаву ҷой мавҷуд аст. Дар урфият мегӯянд, ки даромадан ба хонаи касе беиҷозат раво нест.
Расулуллоҳ (с) дар яке аз ҳадисҳо таъкид намудааст, ки ҷойи зисти васеъ яке аз омилҳои муҳими саодатмандии инсон аст: «Маскани васеъ, ҳамсояи солеҳ ва маркаб (асп, шутур, хар)-и хуб бахти инсон аст (аз ривояти Нофеъ ибн Абулҳорис).
Дар ин ҷо «васеъ» будани маскан ба маънои шароити мусоид мебошад, яъне ҷойи истиқоматӣ ҳар қадар бароҳат бошад, ба он андоза саодатманд гардидани инсон табиист.
Асабонӣ ва хасташавӣ ҳолатҳоест, ки гоҳ-гоҳ рӯй медиҳанд. Дар чунин ҳол фақат дар хонаи худ будан мехоҳем. Дар сафар, ҷойҳои ҷамоатӣ ва ё меҳмонхона он оромиеро, ки дар хонаамон ҳаст, намеёбем. Шояд аз ин сабаб бошад, «маскани васеъ»-ро дар дини ислом яке аз шартҳои хушбахтии инсон шуморидаанд.
Дар гирду атрофи ҷойи истиқоматӣ, бахусус дар деҳа, ҷӯю ҷӯйборҳои зиёд мавҷуданд. Атрофи ҷӯй бояд ҳамеша аз алафҳои худрӯю партов тозаву пок нигоҳ дошта шавад. 10-15 сол пеш аз ин ҳамдеҳагон бо роҳи ҳашар пеш аз оғози фасли баҳор ҷӯйҳоро канда, аз ҳар гуна партов тоза мекарданд, ки савобтарин амали мусулмонӣ шуморида мешуд. Ҳоло ин анъана, ки аҷдоди мо хайрхоҳона иҷро мекарданд, қариб аз байн рафтааст. Ҳолати имрӯзаи ҷӯй ва ҷӯйборҳо риққатовар аст, дар он партови зиёд, мисли баклажка, халтаи селофан, латтаву коғазпораҳо ба назар мерасанд. Дар атрофи он ҳашароти зараровар ҷамъ мешаванд, ки боиси паҳншавии касалиҳоянд.
Аз Расули акрам (с) доир ба покизакориву тозагӣ ҳадисҳои зиёд боқӣ мондаанд, ки мазмунҳои амиқро дар бар доранд:
Гуфтам, «Эй Расули Аллоҳ, маро ба роҳе ҳидоят кунед, ки ба ҷаннат барад».
Гуфтанд: «Он чизе, ки дар роҳ ба одамон зарар мерасонад, гирифта парто». (Ривояти Абубарза Асламӣ (р).
Аз Абуҳурайра (р) ривоят мекунанд:
Пайғамбар (с) гуфт: «Касе аз назди хоре, ки дар қади роҳ қарор дошт, мегузашт ва мегуфт: «Он хорро аз он, ки ба мусулмоне зарар нарасонад, гирифта мепартоям».
Пайғамбар гуфт: «Аз ин сабаб, гуноҳҳое, ки ӯ кардааст, мағфират мешавад».
Расулуллоҳ (с) гуфт: «Ба ман амалҳои нек ва бади умматамро намоиш доданд: яке аз амалҳои неки умматамро дар аз роҳ гирифта партофтани чизи озордиҳанда дидам, яке аз амалҳои бади онҳо дар фарши масҷид туфи худро напӯшондани онҳост». (Аз ривояти Абузарр(р).
Солҳои охир барои ободонии ҷӯй ва ҷӯйборҳое, ки аз байни шаҳри Тошканд ва атрофи он мегузаранд, корҳои зиёде амалӣ мегарданд. Дар соҳили ин ҷӯйборҳо биноҳои ноқонунии бисёре сохта шуда буданд, ки сабаби асосии ифлосшавии оби онҳо мегашт. Ҳоло бо ташаббуси роҳбари давлат чунин ҷойҳо ба маскани ободу зебо табдил меёбад, ки аҳолии пойтахт ва меҳмонони он баҳра мегиранд.

Ғафурҷон РАЗЗОҚОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Баҳоуддин Нақшбанд,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ