Хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни Тошканд ва Душанбе барқарор хоҳад шуд

Ҳукумати Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бораи барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни Тошканд ва Душанбе созиш ҳосил карданд.
“Айни замон санаи дақиқи дубора роҳандозӣ намудани парвозҳо ва тартиб додани ҷадвали парвозҳо байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар мувофиқа мешавад”, — хабар дод як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тошканд ва Душанбе аз 16-уми марти соли равон қатъ гардида буд.
Ғайр аз ин, Ӯзбекистон дар қатори дигар давлатҳо аз 16-уми март сарҳадҳои роҳи заминиашро низ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ