Аз охири моҳи октябр то оғози моҳи ноябр аз шаҳри Волжскийи вилояти Волгогради Русия тақрибан 8,5 ҳазор нафар шаҳрванди Ӯзбекистон тавассути қатораҳо ба ватан бармегарданд. Дар ин бора ширкати роҳи оҳани Волжский хабар дод.
Рӯзҳои 22, 23, 25, 26, 28, 29, 31 октябр ва 1, 2 ноябр соати 21.57 аз истгоҳи Волжский қатора бо шаҳвандони Ӯзбекистон ба сӯи Тошканд ҳаракат мекунад.
Ҳар як қатора 20 вагон дорад ва метавонад 938 нафар мусофирро дар худ ҷой диҳад. Қатораҳо дар қаламрави Русия бетаваққуф харакат мекунанд. Фурӯши билетҳо оғоз шудааст.
