Барак Обама: Вазифаи раисҷумҳурӣ барои Трамп мисли “Реалити-шоу” аст


Барак Обама, раисҷумҳури собиқи ИМА рӯзи 21 октябр дар шаҳри Филаделфия дар ҷамъомади пеш аз интихобот иштирок кард. Ӯ дар нутқи худ аз Ҷозеф Байден тарафдорӣ кард.
Обама гуфт, “Шумо ду бор маро пуштибонӣ кардед. Имрӯз ман аз шумо мехоҳам, ки ба Ҷо Байден ва Камола Харрис ёрӣ диҳед”.
Ба гуфтаи Обама, вазифаи раисҷумҳурӣ барои Доналд Трамп мисли як “реалити-шоу” аст.
Ӯ афзуд, ки бо айби Трамп “обрӯи ИМА дар ҷаҳон рехт” ва ҳукумат натавонист барои мубориза бо коронавирус чораҳои самарбахшро анҷом диҳад.
Барак Обама дар моҳи апрел ба сурати расмӣ аз Ҷозеф Байден тарафдорӣ карда буд. Вале, ин бори нахуст аст, ки ӯ дар тадбири оммавӣ барои пуштибонии Байден суханронӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, интихоботи раисҷумҳурии ИМА рӯзи 3 ноябр барпо мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ