Дар Маскав ҳамлаи террористиро пешгирӣ карданд


Хадамоти амнияти федералии Русия як зодаи Осиёи Марказиро ба гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Маскав боздошт кард. Дар ин бора ТАСС хабар дод.
Гуфта мешавад, ки кормандони хадамоти амният дар пайи як амалиёти махсус зодаи 21-солаи Осиёи Марказиро боздошт карданд. Ӯ бо дастури ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии байналмилалӣ ба таркондани яке аз биноҳои ҳукуматӣ бо бомби дастӣ омодагӣ медид.
Кормандони хадамоти амният дар ҷойи пинҳонкардаи ӯ қисмҳои бомби дастиро пайдо карданд. Ҳамчунин, дастуруламали сохтани бомби дастӣ, видеои савганд хӯрдани ӯ ба роҳбари террористон низ кашф шуд.
Ҷинояткор мехост баъди анҷом ҳамлаи террористӣ ба Ховаи Миёна равона шавад. Ҳоло дар мавриди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ