Пулиси ИМА боз як сиёҳпӯстро кушт


Рӯзи 20 октябр дар иёлати Иллинойси ИМА боз як сиёҳпӯст қурбони тири корманди пулис шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CBS News хабар дод.
Бино ба маълумоти ин шабакаи телевизионӣ, корманди пулис дар шаҳри Уокеган як автомобилро нигоҳ дошт. Вақте, ки корманди пулис ҳуҷҷати ронандаро тафтиш мекард, ронанда фирор кард.
Корманди дигаре фирори ронандаро дид. Дар ин вақт ронанда дубора ба сӯи пулис бармегашт. Вале, корманди пулис дар ин ҳангом ба сӯи онҳо тир холӣ кард. Дар натиҷа бонуи ронанда захм бардошт ва ҷавони нуздаҳсола, ки ҳамроҳи ӯ буд, кушта шуд. Ҳар дуи онҳо сиёҳпӯст буданд.
Баъди ин ҳодиса, рӯзи 22 октябр дар шаҳр намоишҳо оғоз шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ