Раиси Хадамоти давлатии амнияти раисҷумҳурӣ аз мақом озод шуд


Баҳодир Ҳамидович Тошматов аз раисии Хадамоти давлатии амнияти раисҷумҳурии Ӯзбекистон озод шуд. Ӯ акнун муъовини котиби Шӯрои амнияти масъалаҳои рушди нерӯҳои мусаллаҳ мебошад.
Баҳодир Тошматов моҳи марти соли ҷорӣ раиси хадамоти давлатии амнияти раисҷумҳурӣ таъин шуда буд. Ӯ солҳои 2017-2020 фармондеҳи Гвардияи миллӣ буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ