“Шоҳи футбол” 80-сола шуд Пеле, футболбози афсонавии Бразилия имрӯз 80-сола шуд.


Эдсон Арантис ду Насименту, ки бо номи Пеле машҳур аст, 23 октябри соли 1940 таваллуд шудааст.
Аксарияти ҳаводорони “бозии миллионҳо” ӯро беҳтарин футболбози таърих мешуморанд. Ба ҳамин далел, ӯро “Шоҳи футбол” меноманд.
Ӯ ҳанӯз ягона футболбозест, ки 3 бор қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Ӯ бо ҷамоаи миллии Бразилия солҳои 1958, 1962 ва 1970 барандаи Ҷоми Ҷаҳон шуд. Ӯ дар таркиби ҷамоаи миллии худ 77 гол задааст. То ҳол ягон ҳуҷумгари Бразилия беҳтар аз ин натиҷаро нишон надодааст.
Пеле дар фаъолияти худ дар 1363 бозӣ 1289 бор дарвозаҳои рақибонро ишғол кард.
Кумитаи байналмилалии Олимпия соли 1999 Пелеро беҳтарин варзишкори ҷаҳон дар асри 20 эътироф кард. Баъди як сол ФИФА низ ӯро беҳтарин футболбози асри гузашта эълон кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ