Иди забони давлатӣ

бошукӯҳ пешвоз гирифта шуд

Рӯзи 21-уми октябр дар мамлакатамон Иди забони давлатиро васеъ ҷашн гирифтанд.
Иди забони ӯзбекӣ дар вилояти Самарқанд низ бо тантана гузашт. Тадбири идона дар Боғи марказии маданият ва истироҳати шаҳр баргузор гардид. Дар он намояндагони ҳокимиятҳои вилоят ва шаҳри Самарқанд, муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ҷавонон иштирок карданд. Дар маросим узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ф. Тошев, ҷонишини ҳокими вилоят Х. Очилов ва дигарон ба сухан баромада, иштирокчиёни тадбирро бо иди забони ӯзбекӣ табрик карданд.
– Солҳои охир бо мақсади такмили сохтори истифодаи забони давлатӣ, омӯхтан ва тарғиботи он ҳуҷҷатҳои муҳим қабул ва дар ҳаёт татбиқ карда шуданд, ки мо аз ин мамнунем, – гуфт профессори ДДС М. Абдиев. – Ин ҷо бояд аҳамияти алоҳида доштани фармони Раисҷумҳурамон «Дар бораи чораҳои дар мамлакатамон боз ҳам ривоҷ додани забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забон» – ро таъкид кард. Бо ин ҳуҷҷат зинаи нави корҳо муайян гардиданд. Агар ин корҳо саривақтӣ ва босифат амалӣ шаванд, бешубҳа мавқеъ ва нуфузи забони ӯзбекӣ на танҳо дар диёрамон, балки дар майдони байналмилалӣ низ меафзояд.
Дар маросим ба пояи пайкари Алишер Навоӣ – асосгузори забони адабии ӯзбек гулдастаҳо гузоштанд. Донишҷӯён шеъру ғазалҳо хонданд.
Дар тадбир ба як гурӯҳ зиёиён, ки дар амалӣ кардани корҳои маънавӣ ва маърифатӣ фаъолона иштирок кардаанд, нишони сарисинагии «Маънавият фидоиси» супурданд.

Мухбири рӯзнома.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ