ЧАРОҒАКИ РОҲНАМО: аз гузашта то имрӯз

Ҳоло одамеро ёфтан душвор аст, ки чароғаки роҳро надидааст. Сечароғ, ки дар фосилаи муайян сурх, зард ё сабз медурахшад, ҳаракати мошин ва пиёдагардонро ба танзим меорад. Чӣ мешавад, агар чароғакҳо лаҳзае хомӯш шаванд? Роҳҳо банд, ҳаракат қатъ мешавад, одамон ба кор дер мемонанд, садамаҳо рух медиҳад … дар ҳаёти мо нақши ин «нозирони роҳ» бебаҳост.
Мо кӯшиш кардем то дар бораи таърихи светофор, ки яке аз ихтирооти бузурги инсоният аст, маълумоти ҷолиб гирд оварем.
Назаре ба таърих
Светофор (русӣ: свет – рӯшноӣ ва юнонӣ: phoros – мефиристад) асбоби электрикиест, ки сигнали рӯшноиро медиҳад. Он барои тартиби ҳаракати пиёдагардон ва воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳо, роҳҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, инчунин ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан истифода мешавад. Соли 1868 аввалин чароғаки дунё дар кӯчаҳои Лондон пайдо шуд. Дастгоҳ барои сабук кардани бандҳои нақлиёт дар кӯчаи «Bridge» сохта шудааст. Идеяи сохтани чунин дастгоҳро муҳандис Ҷон Пик Найт пеш рондаааст. Он дар шакли «семафора» (фаронсавӣ sema – аломат ва юнонӣ phoros – мефиристад) ихтироъ гардида буд. Аввалин роҳчароғи барқии дастӣ дар ИМА ибтидои асри ХХ пайдо шуд, ки он танҳо чароғҳои сабз ва сурх дошт. Роҳчароғро соли 1918 дар Ню-­Йорк, соли 1930 дар Маскав истифода кардаанд.Дар Ӯзбекистон аз светофор мувофиқи «Қоидаҳои ҳаракати роҳ», ки соли 2001 дар асоси стандартҳои байналмилалӣ таҳия шудааст, истифода мебарад.
Аввал светофорҳо дастӣ кор мекард. Ишорати махсус ҳангоми боло рафтан маънои «ист» -ро дошт. Ҳангоми фаровардан фаҳмиданд, ки ба гузаштан иҷозат дода шудааст. Шабона фонуси газ истифода мешуд. Фонус ҳамчун чароғи сурх ва сабз хидмат мекард. 2-юми январи соли 1869 фонуси газ таркид. Полисе, ки ӯро дар даст дошт, ҷароҳати вазнин гирифт. Аввалин чароғаки электрикӣ соли 1912 аз ҷониби Лестер Вейр сохта шуд.
Чанд факти ҷолиб
Дар штати Ню-­Йорки давлати ИМА, Сиракюс ном шаҳре ҳаст, ки дар он муҳоҷирони ирландӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ин шаҳр чароғи сабзи светофор дар боло ва чароғи сурх дар поёни он ҷойгир аст. Албатта, ин сабаби ҷиддӣ дорад. Мегӯянд, ки аввалин чароғаки роҳ дар ин ҷо соли 1925 ихтироъ шуда буд, ки он чун ҳамеша дар поён чароғи сабз ва дар болои он чароғи сурх дошт. Кӯдакон ба шикастани светофорҳо оғоз карданд. Зеро чароғи сабз рамзи Ирландия ҳисобида мешуд. Пас, барои ирландҳо ин ҳолат дардовар буд. Ниҳоят, масъулони шаҳр чароғи сабзро боло бурданд. Аммо пас аз чанде, чароғи сабз боз бар ҷояш баргашт.
Светофорҳои сенсории интеллектуалӣ
Солҳои наздик дар шаҳрҳои Русия мутахассисон навъи чароғаки сенсории интеллектуалиро кашф карданд.
Чунин чароғакҳо дар худ камераҳои видеоӣ, қобилияти таҳлили маълумоти сабтшуда, инчунин маълумотҳои обу ҳаво ва дигарро доранд.
Аввалин чароғаки роҳ барои пиёдагардон
То аввали солҳои 1950, дар тамоми ҷаҳон чароғакҳо танҳо ҳаракати мошинҳоро назорат мекарданд. 5-уми феврали соли 1952 бо ташаббуси полиси Ню-­Йорк аввалин чароғакҳо барои пиёдагардон пайдо шуданд. Аксар вақт сигналҳо дар шакли тарҳи одам истифода мешаванд: сурх – исто, зард-­омода бош, сабз – роҳ гард. Чанд сол аст, ки ин навигарӣ дар саросари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст ва ҳоло гузаргоҳи пиёдагардонро бе светофор тасаввур кардан душвор аст.

Таҳияи Фирӯз АБДУМӮЪМИНОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ