Баробарии гендерӣ – омили босамари рушди иқтисодиву иҷтимоӣ

Истилоҳи баробарии гендерӣ барои аҳли ҷаҳон муҳим ба шумор меравад, аммо на дар ҳамаи давлат ва ҷамъиятҳо ба он бечунучаро ва пурра амал мекунанд. Муносибатҳои баробарии гендерӣ шакл ва омилҳои олитарини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мебошад. Барои дар ҷомеа мавқеи худро ёфтани инсонҳо аз тарафи давлат фароҳам гардидани шароит ва имкониятҳои якранг дар таъмини баробарии гендерӣ чун асос хизмат мекунад.
Дар рафти вохӯрие, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯи сахо» – ноҳияи Самарқанд гузаронда шуд, ҷонишини раиси шӯъбаи дастгирии маҳалла ва оила дар ноҳия Зулфия Рофеева, ҷонишини раиси маҳаллаи «Кӯи сахо» доир ба масъалаҳои оила, зану духтарон ва иҷтимоиву маънавӣ Зебинисо Муяссарова, бибихалифаи ноҳия Азиза Раҳматова дар мавзӯи баробарии гендерӣ маълумот доданд.
– Баробарҳуқуқии мард ва занҳо асоси тараққиёти ҷамъият ба шумор меравад ва дар рушди иҷтимиву иқтисодии кишвар чун омили муҳим хизмат мекунад, – гуфт З. Муяссарова. – Парвози баланд ва сарфарозонаи ҳар як парранда ба ҳаракати баробари ду боли он вобаста аст. Баробарии гендерӣ низ чун ду боли парранда барои боло рафтан, ривоҷ ёфтани оила ва ҷамъият саҳм мегузорад.
Зикр гашт, ки дар мамлакат баробарии гендерӣ вазифаи муҳим ба шумор меравад ва ин корро мебояд пеш аз ҳама аз шуури одамон оғоз намуд. Ҳангоми дар ин ҷараён аз таҷрибаи дунё истифода намудан, на бояд меъёрҳои миллӣ фаромӯш гарданд.
Инчунин, масъалаҳои доираҳои меъёрҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ, ҳифзи иҷтимоии бонувон ва мустаҳкамсозии он, бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани зан ва духтарон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Эътироф гардид, ки ба туфайли ислоҳоти иқтисодии дар мамлакат татбиқшаванда назари одамон роҷеъ ба фаъолияти зан ва духтарон дар соҳаҳои гуногун тағйир меёбад.
– Ислоҳотҳои демократие, ки дар мамлакати мо амалӣ мегарданд, барои таъмини баробарии гендерӣ чун омили муҳим хизмат мекунанд, – гуфт З. Рофеева. – Бобати ба зану духтарон фаҳмонидани мазмуну моҳияти ҳар як ислоҳот мавқеи раисони маҳаллаҳо ва ҷонишинони раиси маҳаллаҳо доир ба масъалаҳои оила, зану духтарон ва иҷтимоиву маънавӣ калон аст. Шоёни эътироф аст, ки дар ин самт зану духтарони маҳаллаи «Кӯи сахо»пешқадаманд.
Азиза Раҳматова роҷеъ ба никоҳи шаръӣ ва оқибатҳои он, тарбияи духтарони ноболиғ, оилаҳое, ки дар остонаи ҷудошавӣ ҳастанд, омилҳои мустаҳкамсозии оилаҳо, тайёр кардани ҷавондухтарон ба ҳаёти оилавӣ сухан ронд.
Инчунин, дар доираи тадбир ба яке аз бонувони саховатпешаи маҳалла, ки дар шароити пандемия барои оилаҳои ниёзманд 45 миллион сӯм маблағ ҷудо кардааст, нишони сарисинагии «Меҳр-саховат» тантанвор супорида шуд.
Дар тадбир доир ба афзунсозии фаъолии зан-­духтарон дар ҳама соҳаҳо, андешидани чораҳои амиқ бобати таъмини шуғли бонувон, пешниҳод кардани имтиёзҳо ба духтарони бекор, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон фикру мулоҳизаҳо баён гардид.

Савринисо НАРЗУЛЛОЕВА,
роҳбари гурӯҳи тарғиботии зан ва духтарон дар ноҳияи Самарқанд
.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ