Бонки Осиё барои сохтусози хатти интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон $110 миллион ҷудо мекунад


Ҳукумати Афғонистон ва Бонки осиёии рушд тавофуқномаи таъмини молиявии сохтусози хатти интиқоли барқро (ХИБ) имзо карданд. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон хабар дод.
ХИБ Сурхон-Пули Хумрӣ Афғонистонро бо барқи истеҳсоли Ӯзбекистон таъмин хоҳад кард. арзиши лоиҳа 110 миллион доллар аст. Сохтусози хатти интиқоли барқро Ӯзбекистон анҷом медиҳад.
“Шабакаҳои миллии барқрасонии Ӯзбекистон” ва ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat барои сохтусози ХИӢ Сурхон-Пули Хумрӣ шартнома имзо мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ