Дар Ҷиззах домод ба додари арӯсаш корд зад

Сокини 23-и маҳаллаи «Кӯкгумбаз»-и ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах З.Н. мешунавад, ки шавҳари хоҳараш Д.Н. занаш, яъне хоҳари ӯро ҳақорат карда задааст. З.Н. соати 22:00-и шаб ба майдони канори маҳалла меравад. Дар ин ҷо аз Д.Н. сабаби занзаниро мепурсад. Д.Н. аз ғайбаш корди ошхонаро бароварда, ба танаи З.Н. мезанад. Дар натиҷа, З.Н-ро ба яке аз шӯъбаҳои Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Ғаллаорол мебаранд. Ба сокини 23-солаи маҳаллаи «Кӯкгумбаз» Д.Н. барои ин ҳаракаташ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ