Дар Ӯзбекистон нархҳои минималии пахта муайян гардид

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 6-уми марти соли ҷорӣ таҳти рақами ҚП-4633 «Дар бораи чораву тадбирҳои васеъ ҷорӣ кардани тамоюлҳои бозор дар соҳаи пахтарасонӣ» ба вазоратҳои хоҷагии қишлоқ, рушди иқтисодӣ ва кӯтоҳкунии камбағалии Ӯзбекистон, Шӯрои хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлигии Ӯзбекистон ва иттиҳоди «Ӯзтӯқимачиликсаноат» аз таҳлили нархҳои бозор баромада, вазифаи эълон карда рафтани нархҳои минималии пахта бор карда шудааст. Ба ҳолати 23-юми октябри соли ҷорӣ биржаи молии Ню-Йорк дар моҳҳои январ-октябр котировкаи фючерси нахи 1 тонна пахта бо шарти расонда додан ба штатҳои ИМА 1375,7 доллари ИМА-ро ташкил намуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ