Акнун баҳои 6 соли охири мактаб ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳ ёрӣ мерасонад


Шерзод Шерматов, вазири таълими халқ дар нишасти матбуотӣ дар бораи қоидаи нав ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳ сухан ронд.
Ба гуфтаи вазир, баҳои довталаб дар 6 соли охири мактаб ҳангоми ҳуҷҷат супурдани ӯ барои дохил шудан ба донишгоҳ ёрӣ мерасонад.
Ӯ гуфт, “Донишомӯзон 11 сол дар мактаб таҳсил мегиранд, вале тақдири онҳо дар як рӯз ҳал мешавад. Шояд дар он рӯз ӯ бемор буд, ё натавонист нағз истироҳат кунад. Ба ҳамин далел, раисҷумҳури мо дастуре доданд, ва бар асоси он баҳои 6 соли охири довталаб дар мактаб ба инобат гирифта мешавад”.
Гуфта мешавад, ки мактабҳо майли донишомӯзони синфи 7-ро ба касби муайян меомӯзанд. Барои онҳо дар мактаб давраи омӯзишии кӯтоҳмуддат ба роҳ монда мешавад ва касбу лавозимҳое ҷорӣ мегардад, ки хатмкунандагон метавонанд бо он машғул шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ