Имрӯзҳо дар шаҳри Будапешти Венгрия мусобиқаи байналмилалии дзюдо гузаронида мешавад

Аз 23 то 25 октябр дар шаҳри Будапешти Венгрия Мусобиқаи байналмилалии дзюдо — Grand Slam Hungary баргузор гардид.
Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар Гранд Слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.
Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд сламро рӯйдоди таърихӣ хондааст.
Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13 декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад. Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ