Қирғизистон рӯзи 10 январ раисҷумҳури нави худро интихоб мекунад


Рӯзи 10 январи соли 2021 интихоботи пеш аз муддати раисҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин бора ТАСС ба нақл аз Руслан Изреков, котиби матбуотии комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон хабар дод.
Бар асоси қонун, интихоботи раисҷумҳурӣ то 16 январи соли 2021, дар наздиктарин рӯзи якшанбе баргузор мешавад. 10 январ маҳз ҳамон рӯз аст.
Ёдовар мешавем, Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури қаблии Қирғизистон баъди намоишҳои пайдарпайи эътирозгарон маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад.
Ҳоло Садир Ҷапаров муваққатан раисҷумҳури Қирғизистон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ