“Динамо” дар дақиқаҳои охирини бозӣ бо “Турон” аз мағлубият халос хӯрд


Имрӯз “Динамо” бозии навбатии худро дар чорчӯби Про-лига дар сафар бо ҷамоаи “Турон”-и вилояти Фарғона баргузор кард. Бозӣ бо натиҷаи 1 бар 1 ба поён расид.
Аз оғози бозӣ ҳар ду ҷамоа ҳуҷумҳои хатарноки худро нишон доданд. Аммо голи аввал насиби мезбонон шуд. Дар дақиқаи 37-ум мезбонон аз бесарусомонии хатти ҳимояи “Динамо” истифода бурданд ва Умид Қодиров голи якуми бозиро ба номи худ сабт кард.
Қисми дувуми бозӣ низ бо суръати қаблӣ идома ёфт. Бозии дағалонаи “Турон” дар дақиқаи 82-вум боиси пеналӣ шуд. Ойбек Нурматов дар зарбаи пеналтӣ хато накард: 1-1.
Ин ҳисоб дар дақиқаҳои боқимонда тағйир наёфт ва ҷамоаҳо дурангро эътироф карданд.
Баъди ин бозӣ ҳисоби холҳои “Динамо” ба 21-то расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ