100 шаҳри беҳтарини сол маълум шуданд


Ширкати Resonance Consultancy феҳристи 100 шаҳри беҳтарини солро эълон кард.
Имсол низ Лондон, Ню-Йорк ва Париж мақоми 3 шаҳри беҳтарини ҷаҳонро аз они худ карданд. Ҳамчунин, Маскав, Токио, Дубай, Сингапур, Барселона, Лос-Анҷелес ва Мадрид низ шомили даҳгонаи аввали феҳрист шуданд. Дар ин миён Мадрид танҳо шаҳрест, ки соли гузашта берун аз даҳгона буд. Маскав ва Токио ҷойҳои худро иваз карданд.
Мутахассисон ҳангоми таҳияи феҳрист ба чунин ҷиҳатҳо эътибор доданд:

  1. Зерсохт (инфраструктура) ва ҷойҳои ҷаззоб,
  2. Сифати муҳити зист ва амният,
  3. Шуғли аҳолӣ фаъолии бизнес,
  4. Фарҳанг,
  5. Ғановати ошхона ва мағозаҳо,
  6. Сатҳи таълим ва бароварда кардани имконоти худ,
  7. Ёдоварӣ аз шаҳр дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ
    Шаҳри Санкт-Петербург дар паллаи 16-ум, Истанбул дар паллаи 21 ум ҷой гирифтанд. Пойтахти Чин – Пекин дар паллаи 23-вум, Ар-Риёд – пойтахти Арабистони Саъудӣ дар паллаи 61-ум ҷойгир шуданд. Деҳлӣ дар паллаи 62-вум ва Киев дар паллаи 87-ум қарор гирифт.
    Шаҳри Минск, пойтахти Белорус, ки беш аз як моҳ нооромӣ ҳукмфармо аст, дар паллаи 90-ум ҷойгир шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ