Боз як сарвари давлат мубталои коронавирус шуд


Анҷей Дуда, раисҷумҳури Полша мубталои коронавирус шуд. Дар ин бора Блажей Спихалский, котиби матбуотии ӯ дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт.
Ба гуфтаи Спихалский, раисҷумҳури Полша худро хуб эҳсос мекунад. Дуда бори охир рӯзҳои 11-13 ба Украина сафар карда ва дар ин сафар бо Владимир Зеленский мулоқот карда буд.
Дар ҳоли ҳозир Матеуш Моравеский ва Збигнев Рау сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Полша дар карантин нишастаанд. Ясек Сасин, муовини сарвазир аз оғози пандемия то ба имрӯз 4 бор ба далели мулоқот бо мубталои коронавирус дар карантин буд.
Ҳоло дар Полша низ коронавирус бо суръати тез паҳн мешавад. Рӯзи гузашта 13 632 ҳолати нави сироят ва 168 ҳолати марг бар асари сироят дар ин кишвар сабт шуд. То ҳол ягон бор шумори рӯзонаи мубталошавӣ ва фавт дар Полша ба ин ҳад зиёд набуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ