Шумораи сироятёфтагони COVID-19 дар ҷаҳон дар давоми 24 соати охир 423,8 ҳазор нафар зиёд шуд

Шумораи нави сироятёфтагони COVID-19 дар ҷаҳон дар зарфи 24 соати охир 423,8 ҳазор нафар зиёд шуд. Ин маълумот дар сайти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) оварда шудааст.
Пеш аз он, шумораи баландатрин сироятёфтаҳо дар як рӯз 17 октябр ба қайд гирифта шуда буд, ки он замон коронавирус дар бадани 412,8 ҳазор нафар ошкор карда шуд.
Аксари ҳолатҳои нави COVID-19 дар Иёлоти Муттаҳида мебошанд, ки дар як рӯз беш аз 60 ҳазор сироят ба қайд гирифта шуданд. Дар Ҳиндустон беш аз 55 ҳазор, дар Британияи Кабир 26 ҳазор ва дар Фаронса 25 ҳазор ҳолатҳои нав ошкор карда шуданд. Дар Бразилия сирояти ҳаррӯза 23 ҳазор, дар Аргентина 18 ҳазорро ташкил додааст.
Аз оғози пандемияи коронавирусӣ, тибқи маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон зиёда аз 41,104 миллион ҳолати сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва зиёда аз 1 миллион 128 ҳазор нафар фавтидаанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ