Рӯзи нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аниқ гардид

Мақомоти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои барқарор кардани парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе ба мувофиқа расидаанд, менависад Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон.
Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр сурат мегирад.
Парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд.
Ҳавопаймоҳо ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе аз пойтахти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон парвоз хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ