Дар Бразилия иштирокчии озмоиши ваксинаи алайҳи коронавирус вафот кард

Дар Бразилия иштирокчии озмоиши ваксинаи алайҳи коронавирус, ки аз ҷониби ширкати дорусозии AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд таҳия шудааст, даргузашт, менависад рӯзномаи бритониёии Globo бо истинод ба Агентии назорати тандурустии Бразилия.
Манбаъ меафзояд, ин мард рӯзи 15 октябр аз маризии сироятии COVID-19 ҷон бохт.
«Марҳум табиби 28 — сола буда, дар клиникаи хусусии Рио — де — Жанейра дар шӯъбаи эҳёгарӣ бо маризони мубталои коронавирус кор мекард. Ӯ бемориҳои музмин надошт».
Пизишки ҷавон моҳи июл тасмим гирифтааст, ки дар озмоиши ваксинаи сохти бритонӣ иштирок кунад, аммо моҳи сентябр худ мубталои ин дард шуд.
Феълан дақиқ мешавад, ки оё табиб дар асл ҳам ваксинаи алайҳи коронавирус гирифта буд ва ё танҳо бо платсебои муқаррарӣ ӯро сӯзандору намуданд.
Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи «ДОр», ки озмоишро дар Рио-де-Жанейро мегузаронад, дар Бразилия ҷамъан 8000 ихтиёриён дар барномаи байналмилалии таҳқиқоти ваксинаи AstraZeneca иштирок мекунанд. Аммо, танҳо нисфи онҳо ваксинаи воқеӣ гирифтанду халос.
Дар ҳамин ҳол, моҳи сентябр ширкати AstraZeneca дар бораи боздоштани озмоиши ваксина алайҳи коронавирус хабар дод. Иллати боздоштани озмоиш, ба вокуниши як иштирокчӣ аз таъсири манфии ваксина рабт дода мешавад.
Зимнан, озмоишҳои ваксинаи коронавирус инчунин аз ҷониби Johnson & Johnson, Inovio Pharmaceuticals ва Eli Lilly низ боздошта шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ