Шумори мубталоёни коронавирус дар ИМА ба 8,5 миллион нафар расид


Рӯзи 23 октябр дар ИМА 83 757 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс хабар дод.
Дар умум, шумори мубталоёни коронавирус дар ИМА ба 8 493 747 нафар расид.
Ҳамчунин рӯзи гузашта дар ин кишвар 943 нафар қурбони вирус шуданд. Ҳоло шумори қурбониёни COVID-19 наздик ба 224 ҳазор нафар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ