Соли оянда ваксинаи зидди коронавируси Ҳиндустон омода мешавад


Ширкати Bharat Biotech-и Ҳиндустон то моҳи июни соли 2021 доруи “Covaxin”-ро, ки ваксинаи зидди коронавирус аст, омода мекунад. Дар ин бора Indian Express хабар дод.
Саи Прасад, мудири ширкат гуфт, “Мо то дувумин семоҳаи соли 2021 ҳамагуна рухсатномаи заруриро хоҳем гирифт. Дар озмоишҳои моҳҳои апрел, май ва июн бояд натиҷаҳои самарбахшии ваксинаро дар даст дошта бошем”.
Ба гуфтаи ӯ, агар ҳукумати Ҳиндустон барои истифодаи дору дар вазъиятҳои фавқулодда иҷозат диҳад, ин боиси коҳиши муддати омодасозии ваксина мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ